Афзоиши қарзи маош дар Тоҷикистон

Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, қарзи маош дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ майли афзоиш дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии қарзи музди меҳнат афзоиш ёфт, хабар медиҳад Ожонси омор.
Тоҷикистон нақша дорад тайи се сол истеҳсоли маҳсулоти саноатиро 40% афзоиш диҳад
Ба иттилои манбаъ, бо назардошти солҳои қаблӣ, дар аввали моҳи феврали соли 2021 қарз беш аз 84,7 миллион сомонӣ (тақрибан 7,5 миллион доллар) буд.
Зимнан, танҳо дар моҳи январи соли равон қарзи маош 5,2% зиёд шуда, яъне беш аз 4,2 миллион сомониро ташкил додааст Қарз дар бахши воқеӣ дар аввали моҳи феврали соли 2021 тақрибан 7%, яъне 4,8 миллион сомонӣ афзуда, беш аз 74,5 миллион сомониро ташкил додааст.
Афзоиши қарзи музди меҳнат тақрибан дар ҳамаи бахшҳо ба қайд гирифта шудааст. Музди камтаринро дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон кормандони соҳаи кишоварзӣ, шикор, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ мегиранд, ки муодили  630 сомонӣ мебошад.
Музди баландтарин дар бахши истихроҷи маъданҳо - 2,7 ҳазор сомонӣ, дар соҳаҳои барқ, газ ва обрасонӣ - 2,5 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар бахши воқеии иқтисод музди миёнаи моҳона дар моҳи январи соли равон тақрибан 1,9 ҳазор сомониро ташкил дод ва нисбат ба моҳи январи соли 2020 ҳудуди 2,1% зиёд шудаст.
Маош, коҳиши маблағгузорӣ ва талоши ҷалби бонкҳои аврупоӣ ба “Роғун”: шарҳи ноиби вазир
Дар бахши хидматрасонӣ музди аз ҳама баландтаринро кормандони миёнаравии молиявӣ ва суғурта мегиранд, ки 3,4 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Бояд гуфт, ки музди миёнаи моҳона дар ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли равон 1,4 ҳазор сомониро ташкил дод, дар ҳоле ки ҳадди ақали музди меҳнат дар ҷумҳурӣ 400 сомониро ташкил медиҳад.