Муҳаммадниёзи 9-сола, ки хост ба "Портер" савор шавад, афтиду ҳалок шуд

Ҳамроҳи ин кӯдаки 9-сола чанд ҳамсолонаш ба қафои автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” часпиданд, то сайр кунанд, аммо ин кори онҳо ба фоҷеа табдил ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Муҳаммадниёз Саидови 9-сола ҳангоми бор шудан ба қафои  “Хундай-Портер” афтиду ба ҳалокат расид, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Садамаи маргбор: сокини ноболиғи Душанбе чор ҳамсолашро зер кард
Ҳодиса рӯзи 29-уми марти соли 2021, тахминан соати 12:30-дақиқа, дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор рух додааст.
Гуфта мешавад, фоҷеа вақте рух дод, ки автомашинаи боркаши тамғаи "Чанху", ки ба ҶДММ “Алика” тааллуқ дошт (таҳти идораи ронанда, Қаҳҳоров Одилҷон Камоловичи 19-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сомон) автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” (ронанда, Каримов Эраҷ Дилшодовичи 25-сола, сокини ҷамоати деҳоти мазкур)-ро кашола (буксир) мекард.
Дар ҳамин ҳол, хурдсол, Саидов Муҳаммадниёз Зафарҷонович, соли таваллудаш 2012, сокини хамин ҷамоат, бо ҳамроҳии дигар кӯдакон ба қафои автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” часпидаанд.
Ногаҳон хурдсол Саидов М.З. ба замин афтида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.