ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар 9-умин конфронси вазирони хориҷаи фароянди "Қалби Осиё-Раванди Истамбул, суханронии ифтитоҳия дошт, гуфт, Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамадунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид дошт, ки мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда риштаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасад.
"Аз ин рӯ табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бе тафовут нестем. Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки шахсан дар чандин ҳамоишҳои марбут ба Афғонистон борҳо аз аъзои ҷомеаӣ ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки дар ҳалли қазияи Афғонистон кумак намоянд.
"Буҳрони ин кишвар як мушкилоти байналмилалист. Зиёда аз 40 сол аст, ки дар ин кишвар нооромӣ ва низоъ идома дорад. Мардуми шарифи Афғонистон аз ҷангу ҷидоли таҳмилӣ, ки пеш аз ҳама бар асари мудохила кардан ба умури дохилии он сар задааст, мусибати зиёд мебинад", - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, мутаасифона раванди халалёбии амният дар ин кишвар имрӯзҳо рангу тобишҳои нав пайдо карда истодааст, ки мояи нигаронии на танҳо Тоҷикистон балки тамоми минтақа мебошад.
Эмомалӣ таъкид дошт, ки Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро барои таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Ҳамхзамон раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки ҳамоиши имрӯзаи Душанбе бо вазифагузориҳои нав дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ин кишвар қадамҳои тозаеро хоҳад гузошт.
"Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамеша ҳамсоияи нек буданд ва мемонанд. Мо дар тули таърих дар шодиву ғами якдигар шарик ҳастем. Тоҷикистон дар тамоми муддате, ки ин кишвар дар вазъи печида қарор дорад худро аз паҳлуи он канор нагирифтааст", - гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон зикр дошт, ки Тоҷикистон мисли ҳамеша сидқан ҷонибдори истиқрори сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар ин кишвари дусту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошад.
Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе нуҳумин конфронси вазирони "Қалби Осиё-Раванди Истанбул" мегузарад, ки дар кори он раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф иштирок доранд.