ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшуда Зоғаков Сангалӣ, сокини 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун мебошад.
Ба иттилои манбаъ, Зоғаков, ки қаблан низ даст ба қаллобӣ задаасту маҳкум шудааст, дубора ҷиноят содир кардааст.
ВУД таъкид намуд, ки Зоғаков Сангалӣ муддати зиёд бо кирдори ғайриқонунии худ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз роҳи фиреб бо мақсади даромади муфт ба даст овардан, маблағҳои калони пулии сокинони ноҳияро аз они худ кардааст.
“Чунончӣ, ӯ ба боварии шаҳрванд Пиров Умархон даромада, ба маблағи 85 000 сомонӣ асбобҳои барқии гуногунро тариқи нася гирифта, онҳоро фурӯхта маблағи ба дастовардаашро ба манфияти шахсияш истифода мебарад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки Зоғаков такроран моҳи сентябри соли 2020 бо сӯистифодаи боварӣ аз Иброҳимов Ҷамолиддин маблағи 50 000 сомониро гирифта, то ҳол бар нагардонидааст.
Маъмурини милисаи ноҳияи Ҷайҳун алайҳи Зоғаков Сангалӣ бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз карда, феълан тафтишот идома дорад.