Кушта шудани Ат-Тоҷикӣ, аз фармондеҳони баландпояи “Ал –Қоида”*

Мақомоти Афғонистон аз нобуд кардани ду узви баландпояи созмонҳои террористии “Ал Қоида” ва Толибон* гузориш додаанд, ки якеашро зодаи Тоҷикистон ном мебаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Давлат Бек ат - Тоҷикӣ, як узви баландпояи созмони террористии “Ал-Қоида” дар пайи як амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон нобуд карда шудааст.
Дар марз дӯстию ҳамкорӣ бошад: созиши Раҳмону Ғанӣ барои мубориза бо қочоқу терроризм
Ба иттилои манбаъ, ат – Тоҷикӣ, аз фармондеҳони баландпояи “Ал – Қоида” дар музофоти Пактико ба қатл расонда шудааст. Ҳамроҳи Давлат Бек инчунин Ҳазраталӣ, аз фармондеҳони гуруҳи Толибон низ нобуд карда шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба мақомоти амниятии Афғонистон.
Таъкид гардидааст, ки амалиёти нобудсозии ин ду фармондеҳ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар роҳ аз Ғазнӣ ба Пактико қарор доштаанд.
Дар бархе аз расонаҳо аз Давлат Бек, чун шаҳрванди зодаи Тоҷикистон ном бурда шудааст, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нагардида, қаблан низ номаш расонаӣ нашуда буд.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ин ду нафар равобит миёни “Ал Қоида” ва Толибонро таъмин карда, гуруҳҳои мазкури террористиро бо силоҳ таъмин мекардаанду амалиёташонро тарҳрезӣ мекардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол шарҳе дар ин бора ироа накардаанд, аммо вақтҳои охир дар маҷмуъ аз шиддат гирифтани фаъолияти гуруҳу созмонҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон ҳушдор дода буданд.
*созмонҳои террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия