Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳиндустон барои интиқоли 192 ҳазор воя ваксина изҳори қаноатмандӣ кард

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар, ки бо мақсади иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 март – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳимояти Раҳмон аз музокироти байниафғонию ёдаш аз таҷриба: 6 ҳазор силоҳбадастро бахшидам
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид намудааст, ки Ҳиндустон яке аз кишварҳои калидии Қитъаи Осиё маҳсуб меёбад ва Тоҷикистон ба бештар мустаҳкам намудани муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон аҳамияти пайваста медиҳад.
“Дар ин зимн, зарурати тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, татбиқи лоиҳаҳои зерсохториву истеҳсолӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ дар Тоҷикистон таъкид гардид”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин, зимни мулоқот зарур дониста шуд, ки имкониятҳои фаровони ду кишвар дар соҳаи энергетика, бахши кишоварзӣ, нақлиёт, тиб пурратар истифода карда шаванд.
Манбаъ зикр кард зимни суҳбат аз ҳамкорӣ дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC), Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) ва дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати интиқоли 192 ҳазор воя ваксинаи зидди вируси “Ковид-19” тариқи механизми “Ковакс” изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Гуфта шудааст, ки дар мулоқот тақвияти фаъолияти Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои амниятӣ ва мавзӯъҳои марбут ба мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, инчунин қазияи Афғонистон муҳокима гардид.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо барои таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст алоқамандии худро изҳор намуданд.