Дар натиҷаи садама дар як корхонаи коркарди нафт дар музофоти Яваи Ғарбии Индонезия ҳадди аққал 28 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Ҳодиса дар полоишгоҳ рӯзи якшанбе тақрибан соати 00:45 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Дар корхона таркиш ва сӯхтор ба амал омад.
Сабаби сӯхтор ҳанӯз расман хабар дода нашудааст. Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, дар вақти ҳодиса борони шадид меборид ва раъду барқ ба амал омад.
Тибқи гузориши портали маҳаллии kumparan, шумораи захмиён ба 28 нафар расидааст, ки аз онҳо панҷ нафар ҷароҳати вазнин бардоштаанд, аҳволи боқимондаашон хубтар аст. Тақрибан ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ кӯчонида шуданд.
Дар ҷои ҳодиса хадамоти наҷотбахшӣ кор мекунанд. Роҳи наздиктарини байни нуқтаҳои аҳолинишин муваққатан баста шудааст.