Раҳмон Тоҷикистонро хонаи дувуми Ашраф Ғанӣ гуфт

Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон имрӯз бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Аз президенти ҳамсоякишвар дар Тоҷикистон хуб пешвоз гирифтанд
Sputnik
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, "ба хонаи дувуматон хуш омадед".
Ғанӣ вақте Раҳмон Муҳриддинро муаррифӣ мекард, гуфт: "заҳмати бисёр кашиданд" - навор
"Бародари азизу гиромӣ! Ба хонаи дувуми худатон хуш омадед мегӯям. Сафари шумо расмӣ ҳам бошад, дар арафаи ҷашни аҷдодии мову шумо баргузор мегардад, иншоаллоҳ, ки баракаташ ба мардумони мо хело бештар мешавад", - афзуд президент Раҳмон.
Ғанӣ дар посух гуфт, ки омадан ба Душанбе ҳамеша дили маро боз мекунад. Хусусан дар Наврӯз, ки имкон медиҳад дӯстии мо амиқтару васеътар шавад", - изҳор дошт Ғанӣ.
Ва ӯ аз меҳмоннавозии раисҷумҳури Тоҷикистон сипосгузор шуд.
Дар ҳамин ҳол, Ашраф Ғанӣ аз президенти Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки бо сафари ҷавобӣ ба Афғонистон ташриф оварад. Эмомалӣ Раҳмон ин даъватро қабул кард ва гуфт, дар нахустин фурсати муносиб меравад.