Шикояти ҷавони 23 - сола ба пулис: модар қасди куштанашро дошт

Ба таъкиди ин ҷавон модараш қасди куштани ӯ дошт ва бо корд ба пушту дастони ӯ зарба расондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Сокини 23 - солаи шаҳри Душанбе иддао дорад, ки ӯро модараш қасди куштан намуд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Зани 42 - сола, ки дар Хуҷанд шавҳарашро корд зад, боздошт шуд
Ба иттилои манбаъ, ба Шӯъбаи вазорати умури дохила дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сокини пойтахт бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуд.
Ба изҳори ӯ, бегоҳи рӯзи 27 март дар манзили истиқоматиаш миёни ӯ ва модараш муноқиша бархост, ки дар натиҷа модари 46 - солаи ӯ қасди аз ҳаёт маҳрум карданашро намуд.
Даҳшат: марде дар Ашт бо корду болға ҳамсар, духтари 6-солааш ва падару ҳамсояро кӯфт
"Модар бо истифода аз корди ошхонагӣ ба дасту пушти фарзанди худ зарба расондааст", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.
Гуфта мешавад, ҷавони 23 - сола дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Қаблан, ВУД аз як ҳодисаи таҳдиди куштан дар шаҳри Хуҷанд хабар дода буд. Зани 42 - сола дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ бо корд ба ҳамсари 40 - солаи худ ҳамла намуда, 1 маротиба ба қафаси синаи ӯ зарба расондааст. Ташхиси судӣ - тиббӣ муайян намуд, ки мард зарари вазнин ба саломатӣ гирифтааст.