Ҳувияти ҳамлагар ба корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълум шуд

Дар Маскав дар бинои Сафорати Тоҷикистон марде таҳдид кард, ки корманди ниҳодро ба қатл мерасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба корманди сафорат ҳамла карданд, хабар дод як манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳамлаовар бо корд мусаллаҳ буд. 
Ҳамлаи мусаллаҳона дар Маскави нав ба шаҳрвандони Тоҷикистон: яке кушта шуд
Тавре маълум гардидааст, ҳамлаовар Шамил Мустқимзодаи 28-сола, ҷонибдори ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон, гурӯҳи террористӣ) мебошад.
Дар Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад ва нисбаташ бо моддаи 307, қисми 1 барои даъвати ошкоро ба фаъолияти экстремистиву террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Пас аз он ҳамла овардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба куштори кормандони сафорат даъват ба амал овардааст.
Ӯро кормандони амниятии сафорат безарар гардонида, дар натиҷа касе ҷароҳат набардоштааст. 
Сафорат Тоҷикистон дар Русия ба  Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аз ҳодиса хабар дорад, аммо такзиб ё тасдиқ карда наметавонад.