ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Ба чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскави нав ҳамла карданд, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба як манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Гуфта мешавад, ки се муҳоҷир ҷароҳат бардоштаанд ва як нафари дигар кушта шудааст.
Аксари хориҷиён бо корд захмӣ шуданд.
"Ду нафари онҳо аз тири таппонча ҷароҳатдор шудаанд. Мошине низ бо ҷасад дарёфт шуд, ки ӯ низ захми корд дошт", - гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.
Ҳувият ва ангезаҳои ҳамлагарон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз муқаррар нашудааст.
Як манбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шарҳ дод, ки эҳтимолан ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик ба муноқишаи шаби 27 март дар қаламрави бозори "Фуд Сити" дар шоҳроҳи Калужское рабт дорад.