ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Тибқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон айни замон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе бомаром идома дорад.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, роҳбарият ва кормандони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд.
Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.
Дар Тоҷикистон рӯзи 23 март дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" бо ширкати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода расман эмгузаронӣ оғоз шуд.
Нахуст Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки сироятшиноси рус, сарпизишки Маркази тиббии "Лидер-Медицина", номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков гуфт Тоҷикистон метавонад бо эмгузаронӣ ҳамагирии коронавирусро боздорад.
Ӯ гуфт, ҳангоми пандемия, бо дастрасии маҳдуди ваксина, бояд одамонеро эм кард, ки воқеан ба ваксина ниёз доранд.