Ашраф Ғанӣ вориди Душанбе шуд

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, вориди Тоҷикистон шуд. Ӯ ду рӯз дар Душанбе хоҳад монд ва дар конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” ширкат хоҳад кард
Sputnik
Душанбе, 29 мар – Sputnik. Дафтари маркази матбуоти президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин сафари президенти Афғонистон расмӣ буда, аз ӯ бо тантана истиқбол шуд.
"Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳамтои афғонашро хоҳад пазируфт ва як мулоқоти рӯ ба рӯ миёни онҳо дар назар аст, ки масъалаи сулҳи Афғонистон ва дигар масоили ҳамкориҳои иқтисодии ду ҷониб дар он ба баррасӣ гирифта хоҳанд шуд”, - гуфт ин манбаъ.
Бино ба ин манбаъ, имрӯз пас аз зуҳр ҷаласаи хоси вазирони фароянди “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” низ баргузор мешавад.
Фардо, 30 март, дар Душанбе конфронси фароянди “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” таҳти унвони "Тақвияти иҷмоъ (консенсус) барои сулҳу тавсеа" бо суханронии ифтитоҳияи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон оғоз хоҳад шуд.
Раҳмон ва Ғанӣ дар Душанбе чиро баррасӣ хоҳанд кард?
Ин конфронс як рӯз давом хоҳад ёфт.