ДУШАНБЕ, 28 март - Sputnik, Нилуфар Некқадам. Акмал Усмонов, тағои сарояндаи тоҷики муқими Маскав - Манижа Сангин гуфт, ин шабу рӯзҳо Манижа чӣ гуна ба Евровидение омодагӣ мебинад ва чӣ гуна аҳли хонавода ӯро дар ин кор дастгирӣ мекунанд.
"Аввал шок баъд ош"
Манижа Сангин рӯзи 8 март бо суруди "Зани рӯс" дар бахши интихоби миллӣ барои озмуни Евровидение - 2021 дар натиҷаи овоздиҳӣ, пирӯз шуд ва акнун Русияро моҳи май дар Роттердам намояндагӣ хоҳад кард. Аҳли хонаводаи Манижа дар лаҳзаҳои ҳассостарин дар бараш буданд ва ӯро дастгирӣ мекарданду пирӯзиашро тоҷикона таҷлил карданд.
"Он аъзои хонавода, ки бо Манижа набуданд, дар хонаи духтари бузургӣ - Муниса ҷамъ шуданд. Ҳамсараш Ёдгорҷон зербакро омода карда буд ва танҳо биринҷ монда буд, ки бояд дар сурати пирӯзӣ ба дег партофта мешуд! Ҳама тариқи телевизион озмунро тамошо мекардем, интизор будем ва хавотир будем. Чун маълум шуд, аввал шок буду баъд оши палав", - гуфт Акмал Усмонов дар бораи лаҳзаҳои аввали пирӯзӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Манижа Сангин бо бародар ва хоҳаронаш
© Аз бойгонии Акмал Усмонов
Албатта, пирӯзӣ дар даври миллии озмуни Евровидение барои хонаводаи Манижа дастоварди бузург буд. Ва мебоист, ки чунин рухдоди муҳим ба таври вижа таҷлил мешуд. Вале ба гуфти тағои Манижа аз он рӯз ин сӯ дигар вақт нашуд. Чун аз дақиқаҳои аввал пас аз пирӯзӣ омодагӣ барои ҳунарнамоӣ дар Роттердам оғоз шуд.
"Омода кардани номер, пироҳан барои ҳунарнамоӣ, дар баробари ин банаворгирӣ, мусоҳибаҳо, сабти суруд ва нашри он дар майдонҳои мусиқӣ", - нақл кард Акмал Усмонов.
Рӯзе пас аз пирӯзӣ дар даври миллӣ, Манижа Сангин дар яке аз толорҳои бонуфузтарини Маскав "Крокус" консерт дошт, ки ним сол боз барои он омодагӣ медид.
Ва ҳамаи ин ба гуфти Акмал Усмонов каме аз он ҳаводисе ҳаст, ки имрӯзҳо рух медиҳад. Бисёр корҳои муҳим паси кадр мемонанд.
"Манижа қариб, ки хоб намекунад. Ва пирӯзиро Худо хоҳад пас аз Евровидение нағзтар мешӯем", - гуфт тағои Манижа.
Тағои Манижа мегӯяд, ҷиянаш дар воқеъ духтари ҷасур аст ва аз аввал барои пирӯзӣ талош дошт. Пеш аз ширкат дар даври интихобӣ аҳли хонаводаи Манижа якҷо ҷамъ омада, ба ӯ роҳи сафед ва дуои нек доданд. Манижаро "дастаи оилавӣ" - модараш - Наҷиба Усмонова, ки продюсераш ҳаст, хоҳараш Аниса ва бародараш Тоҷиусмон, ки то ин дам дар фаъолияташ кумакаш мекарданд, ҳамроҳӣ менамуданд.
"Мо дар режими онлайн бо Манижа будем ва дақиқаи аввал ин ҳиссиёти нафаре буд, ки орзуи кӯдаконааш амалӣ шуд", - гуфт Усмонов дар бораи ҳиссиёти Манижа аз пирӯзӣ.
Хейтерҳо ва қонуни физика
Дар воқеъ пас аз пирӯзӣ, суруди Манижа ба гӯши бархе чун хор халиду ба дили ҳазорони дигар марҳам шуд.
Фаъолону, блогерҳову сиёсатмадорон ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Онҳое, ки ба сари Манижа борони интиқоду нафрат мерехтанд ва мегуфтанд, ки як духтари "тоҷик" занони "рус" - ро паст мезанад ва дар суруди ӯ маънои тафриқаандозӣ мекофтанду ҳатто ба Кумитаи тафтишот шикоят бурданд ва онҳое, ки аз тарзу услуби сарояндагтӣ ва истифодаи чанд забону жанр дар як суруд истиқбол мекарданд ва ӯро "инқилоб" дар мусиқӣ меноманд. Шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" ҳатто барои дастгирии сароянда барномаеро роҳандозӣ карду дар таблоҳои Маскаву Петербург баровард, ки дар он навиштаҷоти зер намудор аст:
"Зани русро гӯш кунед. Зани тоҷикро гӯш кунед. Зани урупоиро гӯш кунед. Зани боистеъдодро гӯш кунед. Зани ҷасурро гӯш кунед. Ҳар як занро гӯш кунед", - омадааст дар навиштаҷоти ин шабака.
Тағои Манижа, Акмал Усмонов чунин вокунишҳоро ба таври физикӣ шарҳ медиҳад.
"Ман тибқи маълумоти олии аввалаам - физик ҳастам ва фикр мекунам, ки ҷаҳон миёни ду қутб офарида шудааст: + ва -. Ва он наметавонад дар як қутб вуҷуд дошта бошад. Фақат якҷо. Он ҷое, ки мусбат аст он ҷо мнфӣ ҳам ҳаст. Кори дӯстдоштаам бошад, гулпарварӣ аст - ин ҷо ҳам ҳамон фалсафа - чӣ қадаре ки пору зиёд бошад, ҳамон қадр гул зеботар мешавад", - гуфт Усмонов.
Дар баробари дастгирии ҷомеаи Русия, фаъолони тоҷик низ дар канор намонданд ва аз комёбии ҳамватани худ истиқбол мекунанд. Ҳатто дар шабакаи иҷтимоии фейсбук фаъолон пешниҳод карданд, ки барои дастгирии Манижа флешмоб баргузор кунанд.
Ба гуфти Акмал Усмонов аз дақиқаҳои аввали пирӯзии Манижа, дастгирии ҷомеаи Тоҷикистонро эҳсос мекунанд.
Акмал Усмонов ва Манижа Сангин
© Аз бойгонии Акмал Усмонов
"Ҷаҳон тағйир меёбад. Манижа имрӯз аллакай на танҳо ба Русия ва Тоҷикистон тааллуқ дорад, балки ӯ аллакай як пораи фарҳанги ҷаҳонист. Вай дар мавзӯъҳое суханронӣ мекунад, ки дар тамоми ҷаҳон мувофиқанд, дар сурудҳои худ якчанд забонҳоро омехта мекунад. Ҳатто вокуниши аврупоиҳо ба суруд маълум аст: онҳо инро мефаҳманд. Биёед Умар Ҳайём, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигаронро ба ёд орем. Бале, онҳо тоҷиконанд, аммо онҳо аллакай ба тамаддуни ҷаҳонӣ шомиланд", - гуфт Усмонов.
Ба гуфти тағои Манижа дар қатори аввалинҳо сафорати Тоҷикистон дар Русия, сафорати Русия дар Тоҷикистон ва инчунин сафорати ИМА онҳоро табрик карданд. Акмал Усмонов аз номи аҳли хонавода ба ҳамаи онҳо изҳори сипос мекунад.
Порае аз Тоҷикистон
Гарчанде Манижа берун аз Тоҷикистон бузург шуда бошад ҳам, дар эҷодиёти ӯ рамзҳои фарҳанги тоҷикӣ дида мешавад ва вожаҳо аз забони тоҷикӣ дучор меояд. Дар як мусоҳибааш сароянда гуфта буд, ки мақсадаш аз бештар эҷод кардану сурудан ба забонҳои русиву ангилсӣ аз ҷамъ кардани аудитория ҳаст ва вақте, ки ӯ ба ин мақсадаш расид, албатта ба забони модари худ хоҳад сароид. Имрӯзҳо Манижа дар майдонҳои бузурги консертии Маскаву Петербург ва дигар шарҳои бузурги Русия ҳазорон ҳаводорашро ҷамъ мекунад.
Ӯ дар се суруди худ - "Ваня", "Мама" ва "Недославянка" вожаҳои тоҷикиро истифода кардааст. Дар баробари ин Манижа дар аксу наворҳояш аз куртаҳои чакан рӯймол, кокулҳо, абрӯвони пайванди тоҷикӣ васеъ истифода мебарад.
Ва ахиран низ дар аксаш барои рӯнамоии суруди "Зани рус" Манижа аз пироҳани гулдузишуда ва абрӯвони пайваст образ сохт.
Ҳамчунин аксро барои сурудаш таҳти унвони "Завтрак" - тағояш - Акмал Усмонов гирифтааст. Акмал Усмонов мегӯяд ҳамаи ин образҳо идеяҳои худи Манижа мебошанд.
"Манижа бисёр духтари креативӣ ҳаст, ӯ фаввораи идеяҳо аст. Албатта бастани рӯймол ва аксгирӣ дар назди девори чакан фикри ӯ буд, ман танҳо акс гирифтам", - гуфт мусоҳиб.
Ду оила - як хонавода
Манижа хонаводаи бузург дорад. Ӯ аз хурдӣ ҳамроҳи бародар ва се фарзанди тағояш - як писару ду духтар бузург шудааст. Ба гуфти тағои Манижа асоси дӯстии ин хонавода аввал бибии модарии Манижа ва баъд модараш будааст. Онҳо ҳамдигарро чун хоҳару бародар ҳурмат мекунанд ва ҳамеша дастгири ҳамдигар ҳастанд.
Манижа Сангин ҳамроҳи тағо ва духтари тағояш
© Аз бойгонии Акмал Усмонов
"Фалсафаи тарбияи мо "як кас барои ҳама ҳама барои як кас" ҳаст. Ҳамин буд, ки ҳар як узви хонаводаи мо дар роҳи худ муваффақ аст - Муниса - хабарнигори "Шабакаи аввал" - и Телевизиони Русия, Тоҷиусмон - финансист, Аниса - ёвари сарошпази тарабхонаи рақами 1 дар Пориси Фаронса - Янника Аленно, Шер ду маълумоти олӣ дорад - дипломат ва коргардон", - нақл кард тағои Манижа.
Манижа Сангин бо бародару хоҳаронаш
© Аз бойгонии Акмал Усмонов
Ногуфта намонад, ки бародараш Шер, алъон дар баробари модараш бо Манижа ҳамкорӣ мекунад.
Манижа дар Евровидение пирӯз мешавад!
Роҳи Манижа Сангин дар роҳи мусиқӣ пурпечутоб буд. Нахустин бор модари Манижа ҳунари ӯро дар хурдсолиаш замоне кашф карда буд, ки ӯ суруди Celine Dion - "My Heart Will Go On" - ро аз филми "Титаник" дар сатҳи олӣ сароида буд ва ҳамаи тамошобинонро дар толор гирён карда буд.
Баъдан Манижа дар доираи тарҳи "Руколла" баромад карда буд. Яке аз сурудҳояш, ки ӯро миёни ҳаводорони тоҷикистонӣ машҳур карда буд, суруди "Пренебрегаю" буд, ки дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон субҳгоҳон намоиш дода мешуд.
Баъдан Манижа барои такмили ҳунар ва идомаи фаъолият ба Лондон сафар кард, вале чуноне худаш дар мусоҳибаҳо зикр мекунад, "он ҷо низ фарқияте аз шоу-бизнеси русиро надид" ва боз ба Русия бозгашт.
Ҳангоми бозгашт Манижа дар шабакаи инстаграм фаъол шуд ва ҳамаи эҷодиёти худро дар шакли наворҳои хурд он ҷо нашр мекард. Аз аввал Манижа ҳамагӣ 700 ҳамванд дошт, имрӯзҳо бошад, саҳифаи сарояндаро дар инстаграм беш аз 400 ҳазор кас пайгирӣ мекунад.
Мавзуъи сурудҳои Манижа чун ҳаёташ гуногун аст: аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону ашхоси бешаҳрванд, то таблиғи эътирофи худ чун шахсият ва хушунати хонаводагӣ. Аксари сурудҳои Манижа эҷоди худӣ аст. Манижа комёбияшро дар ҳақгӯии худ мебинад. Ӯ мегӯяд дар шоу-бизнес мехостанд, аз ӯ як овозхони қаторӣ созанд, вале ӯ фаъолияташро дар асоси мушкилоти худу мардуми атроф месозад ва ин чиз бинандаю шунаванда дорад.
Манижа феълан намояндаи СММ дар Русия мебошад ва брэндҳои маъруфро дар саҳифааш реклама мекунад.
Суруди "Зани рус", ки бо он Манижа Русияро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳад кард, дар саҳифаи расмии Евровидение дар ютуб ҳаводорони зиёд пайдо кард. Дар давоми ду ҳафта ин сурудро дар ютуб беш аз 5,5 миллион кас боздид карда ва беш аз 200 ҳазор нафар писандидааст. Ҳамчунин барои ҳунарнамоии Манижа беш аз 100 кас шарҳ навиштааст.
Акмал Усмонов тағои Манижа дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, "Манижа барои пирӯз шудан дар Евровидение ҳамаи чиз дорад!".