ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Шералӣ Кабир дар доираи сафараш ба Қазоқистон ҳамроҳи ҳамтои қазоқаш Бейбут Атамкулов аз минтақаҳои саноатӣ, ширкатҳои маъруф ва шаҳрҳои ин кишвар боздид намудааст.
Шералӣ Кабир зимни мулоқот бо ҳокимони вилоятҳои Костанай ва Қарағанда масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷонибаро ба миён гузоштааст.
“Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, чорводорӣ, инчунин афзоиши содироти ашёи хом барои талаботи ҶСК “Талко” ва гандум ба Тоҷикистон ҳавасмандӣ изҳор намуданд”, - хабар дод сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон.
Ҳайати тоҷикистонӣ инчунин бо роҳбарияти ширкатҳои “Татнефт”, президенти дафтари минтақавии ширкати “KIA Motors Rus & CIS” Ҷин Ҳа Ким, Директори генералии ширкати “КАМАЗ” ва директори ҶС “Корхонаи тракторбарории Петербург” Сергей Серебряков мулоқот кардаанд.
“Дар рафти мулоқотҳо масъалаҳои васли автомашинаҳои навъи “KIA”, мошинҳои дизелии навъи “Камаз”, истеҳсоли шинаҳои автомобилӣ дар қаламрави Тоҷикистон, инчунин лизинги тракторҳои истеҳсоли ҶС “Корхонаи тракторбарории Петербург” муҳокима гардиданд”, - таъкид кард манбаъ.
Инчунин вазирони саноати ду кишвар аз минтақаи саноатии “Алмаато”, минтақаи озоди иқтисодии “ПИТ”, корхонаҳои “Hyundai Trans Kazakhstan”, “КСМ Техновид”, “КМК Investment”, “Элтекс Алатау”, “ATI Group” дидан намуда, бунёди корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Феълан дар мавриди тавофуқоти мушаххаси ҳосилшуда зимни ин гуфтушунидҳо иттилое дода нашудааст.