Вазорати тандурустӣ сабаби хурӯҷи фалаҷ дар Тоҷикистонро гуфт

Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров сабаби пайдоиши ҳолатҳои сироятёбии кӯдакон ба вируси фалаҷро гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 март - Sputnik. Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров сабаби пайдоиши ҳолатҳои сироятёбии кӯдакон ба вируси фалаҷи бо ваксина алоқамандбудаи намуди 2 –ро ба сари вақт ваксинатсия нашудани кӯдакон рабт дод.
Ба зикри Наврӯз Ҷаъфаров, ҳолатҳои гирифторшавӣ ба фалаҷи кӯдакона, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, нишон доданд, ки ин беморӣ хусусан дар кӯдаконе пайдо шудааст, ки ба ваксинатсия сари вақт фаро гирифта нашудаанд.
Созмони ҷаҳонӣ дар изтиробу Вазорат хомӯш: аз хурӯҷи фалаҷ дар Тоҷикистон чӣ маълум аст?
"Тақвими миллии иммунизатсия бар зидди бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда барои ҳимояи кӯдакони аз давраи таваллуд то  6-сола нигаронида шудааст. Кӯдаконе, ки тибқи тақвими миллӣ ҳама намуди ваксинаҳоро сари вақт қабул мекунанд, аз ин гуна маризиҳо эмин буда, ба онҳо беморӣ таҳдид намекунад. Вале он нафароне, ки бо ваксина фаро гирифта намешаванд,  ҳангоми интиқоли вирус ба мамлакат ин кӯдакон мавриди ҳадафи вирус қарор гирифта, ба фалаҷи кӯдакона дучор мешаванд",-гуфт намояндаи Вазорати тандурустӣ дар сӯҳбат бо АМИТ "Ховар".
Бино ба ибрози Наврӯз Ҷаъфаров, имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллӣ оид ба вокуниш ба ҳодисаҳо ва ё ин ки хурӯҷи ҳама намуди полиовирусҳо амал мекунад. 
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо истифода  аз ин стратегия дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбат ба дарёфти фаъоли ҳодисаҳои гумонбаршуда ва тақвияти он, фаъол намудани гардишҳои хонагӣ аз ҷониби кормандони тиббии муассисаҳои шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо мақсади дарёфт намудани ҳодисаҳои ба фалаҷ монанд, ғайр аз ин дарёфти кӯдакони аз иммунизатсия бозмонда ва бо иммунизатсия фаро гирифтани онҳо фаъолият бурда истодааст.
Ҳамзамон Вазорат дар сатҳи миллӣ нақшаи баргузории роҳҳои иммунизатсияи иловагиро бо истифода аз ваксинаҳои ИПВ (тариқи тазриқ) ва ОПВ (тариқи ба даҳон чаконидан)- ро рӯи кор гирифтааст.
Ваксинаи ИПВ аллакай дар байни зиёда аз 500 ҳазор нафар кӯдак гузаронида шуд. Инчунин беш аз 3 ҳазор нафар кӯдаконе, ки дар  ноҳияҳои наздисарҳадӣ қарор доранд бо ИПВ- и иловагӣ фаро гирифта шуданд. Айни замон корҳои омодабошӣ барои гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бо истифода аз ваксинаи ОПВ ба тариқи даҳон доир шуда истодаанд.
Бояд волидайн нисбат ба саломатии фарзандонашон бетафовут набошанд ва тибқи паспорти  иммунизатсияе, ки баъд аз таваллуд ба ҳар кӯдак дода мешавад, кор баранд.
Марде, ки 29 сол якҷоя буд: коронавирус ба гирифтори фалаҷ ҳам раҳм накард
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз хурӯҷи бемории полиомиелит ва ё фалаҷи кӯдаконаи намуди 2 дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои ин созмон, аввалин ҳолати сироятёбӣ ба фалаҷи кӯдакона дар вилояти Хатлон сабт шуда, моҳи март ин беморӣ дар деҳоти ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки ин беморӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ноҳияҳои тобеи марказ ва махсусан дар деҳоти шаҳри Ҳисор ба қайд гирифта шудааст.

Сироятшавӣ ва нишонаҳои фалаҷ

Ба ибрози мутахассис, ҳангоми интиқоли вирус тавассути даҳон он ба организм ворид шуда, дар рӯдаи кӯдак рушд меёбад. Сипас он аз рӯда ба хун ва тавассути хун ба системаи асаб дода мешавад. Ҳангоми дар системаи асаб ҷойгир шудани вирус ин ё он узвҳои бадани кӯдак фалаҷ мегарданд.
Нишонаҳои фалаҷи кӯдакона таби баланд ва  беҳоливу бемадорӣ мебошад. Дар ҳолати беаҳамиятӣ зоҳир намудан нишонаҳои дигар низ пайдо шудан мегиранд.
Ба зикри мутахассисон, табобати ин гуна бемориҳо дуру дароз мебошад.
Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ баён дошт, ки соли 2010 дар эпидемияи фаъоле, ки  дар Тоҷикистон  пайдо шуд, зиёда аз 700 нафар кӯдак аз он сироят ёфтанд ва ҳолатҳои маргу мир низ ба қайд гирифта шуданд. Вале дар зиёда аз 60 фоизи  гирифторон фалаҷ боқӣ монд.
Бояд гуфт, ки бемории полиомиелит ҳоло дар ҷумҳуриҳои Покистон, Афғонистон ва Нигерия хеле паҳншуда мебошад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт кишвари аз полиомиелит озод эълон шуда буд.