ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зимни як ҷаласаи онлайнӣ бо мақомоти ҳавонавардии Русия тавофуқот сари парвозҳо миёни ду кишвар ниҳоӣ шуданд.
"Рӯзи 26 март дар бинои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Ют Эйр" ҷаласа баргузор шуд ва дар ин ҷаласа қарор шуд, ки ширкати тоҷикӣ ҳар сешанбе як парвоз дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе ва ширкати русӣ ҳар рӯзи ҷумъа дар масири Маскав – Душанбе – Маскав якпарвозӣ анҷом хоҳанд дод”, - гуфт Икром Субҳонзода.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод дар пайи таҳлили хароҷоти аслии парвозҳо ба ин натиҷа расидааст, ки арзиши қимати чипта ба ҳарду тараф набояд аз маҳдудаи 500 доллари амрикоӣ зиёд бошад.
"Аммо аз ин хотир, ки талабот ва мусофирин дар Тоҷикистон бештар ҳастанд, қимати парвоз ба самти Маскав набояд аз марзи 250 - 350 доллар убур кунад. Аз он тараф, ки талабот ва мусофирин камтаранд, нархи чипта набояд аз 150 – 200 доллар бештар бошад. Дар ҳарду ҳолат ширкатҳо ҳақ надоранд қимати рафту баргаштро аз 500 доллар бештар кунанд", - гуфт Икром Субҳонзода.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар баробари нигарониҳо аз боло рафтани қимати чипта ва ба дасти савдогарони "бозори сиёҳ" гузаштани онҳо гуфт, бо дастури ҳукумати Тоҷикистон назорати фурӯши қонунии чиптаҳо аз сӯи мақомоти зидахл ҷиддан ба роҳ монда мешавад.
"Мо аз мардуми Тоҷикистон даъват мекунем, ки дар ҳоли дучор омадан бо мавориди аз нархҳои муқарраршуда болотар фурӯхтани чипта ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд ва фақат аз нуқтаҳои расмии фурӯши чиптаҳои ин ду ширкат муроҷиат намоянд. Ҳар гуна қонуншиканӣ ҷилавгирӣ ва муҷозот хоҳад шуд", - гуфт Икром Субҳонзода.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, аз ширкатҳо хоста шудааст, ки ба таври ҳатмӣ тадобири беҳдоштиву зиддиэпидемикиро риоя кунанд, аз ҷумла мусофирин бояд маълумотномаи тиббии ташхиси "вируси корона" – ро бо худ дошта бошанд ва ин санад бояд то 72 соати пеш аз парвоз гирифта шуда бошад.
Парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон ҳанӯз моҳи марти соли равон дар пайи пандемияи “вируси корона” дар ҷаҳон мутаваққиф шуда буданд. То ин замон фақат парвозҳои чартерӣ ва якҷониби ба Русия анҷом мешуданд ва қимати чиптаҳо то 1000 – 1200 доллар афзуда буд.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар бораи барқарор кардани парвозҳо аз шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ба манотиқи дигари Русия гуфт, Агентӣ дар асоси супориши ҳукумати Тоҷикистон ба мақомоти ҳавонавардии Русия пешниҳод кардааст, ки омода аст аз моҳи июн ба тамоми самтҳои дигари Русия парвозҳоро ба роҳ монад.
"Онҳо дар суҳбат бо мо аз ин тасмим истиқбол карданд ва гуфтанд, ки ин масъаларо низ ба баррасӣ хоҳанд гирифт. Мунтазири посухи онҳо ҳастем", - гуфт Икром Субҳонзода.
"Онҳо дар суҳбат бо мо аз ин тасмим истиқбол карданд ва гуфтанд, ки ин масъаларо низ ба баррасӣ хоҳанд гирифт. Мунтазири посухи онҳо ҳастем", - гуфт Икром Субҳонзода.