ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар ҳоле, ки рӯзҳои ахир обу ҳавои Тоҷикистон номусоид аст ва Ожонси ҳавошиносиву Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мардумро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунанд, вале аз саҳлангории аксар сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳодисаҳои нохуш рух медиҳанд.
Аз ҷумала, КҲФ аз марги як ҷавони 26 - сола дар чарогоҳи кӯҳии деҳаи Ёс хабар медиҳад, ки ба қасди чаронидани чорво, ҷони худро аз даст дод.
Манбаъ меафзояд, ҳоло ҳавои Тоҷикистон номусоид аст ва вақти ҳезум шидану чорво чаронидан нест.
Бояд гуфт, ки бориши зиёд дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон ва гарм шудани рӯзҳои ахир дар як қатор минтақаҳои кишвар боиси лағзиши тарма ва сангрезӣ шудааст. Вазъ дар шоҳроҳҳои Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Ишкошим шадид боқӣ мондааст.
Чунончӣ, дар давоми рӯзи гузашта, дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар километрҳои 104, 156 ва 158-и роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар 620-километраи роҳи Хоруғ-Мурғоби ноҳияи Шуғнони ВМКБ, инчунин дар километри 468-уми роҳи Душанбе-Кӯлоб ҳолатҳои лағзиши, ба қайд гирифта шуданд. Дар роҳи Хоруғ-Қулма дар минтақаи Ванҷи ВМКБ сангрезӣ сабт шуд. Офатҳои табиӣ боиси муваққатан бастани роҳҳо шуданд.
Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то охири моҳи марти соли равон ҳаво дар саросари Тоҷикистон ҳамин гуна бориниву тағйирёбанда боқӣ мемонад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ, сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар минтақа мерӯянд, худдорӣ кунанд.