Таронаи Манижа ба Евровидение мувофиқ аст, аммо дар хотири одамон намемонад

Продюсери машҳури рус Иосиф Пригожин гуфт, чаро пешгӯии он ки Манижа дар Евровидение ҷой мегирад ё не, маъно надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Продюсер Иосиф Пригожин дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи он гуфт, ки озмуни байналмилалии Евровидение ба овозхон Манижа Сангин чӣ медиҳад.
Манижа гуфт, ки дастгирии Тоҷикистонро ҳис мекунад
Пригожин мегӯяд, бо барномаи дигар овозхонҳо феълан шинос нашудааст.
"Бароям ростӣ, шавқовар нест. Евровидениеро фестивали инқилобовар намедонам, он ҷо овозхонҳои тавонотарин ва машҳуртарин нестанд, ки метавонанд дар сатҳи ҷаҳонӣ номдор шаванд", - таъкид кард Пригожин.
Ӯ Евровидениеро бо дигар ҷоизаҳои мусиқӣ муқоиса карда, таъкид кард. "Грэмми", ин як рухдод аст, ки дар он мусиқиҳое пешниҳод мешаванд, ки легенда шудаанд.
"Ё Аллоҳ", "Ман наметонам", "Ҷони бобош": се таронаи Манижа, ки вожаҳои тоҷикӣ доранд
"Евровидение бошад, солҳои охир ба фрик-шоу, шоуи девҳо табдил ёфтааст. Ба ин озмун баҳогузорӣ кардан, мушкил аст", - гуфт Пригожин.
Ӯ таъкид кард, ки ягона чизи муҳим барои вай он аст, ки Русия дар ин озмун чиро ва чигуна пешниҳод мекунад.  Аз тамоми иштирокдорони Пригожин баромади Дима Биланро таъкид кард, ки Русияро хуб муаррифӣ карда тавониста буд.
Ҳамчунин ӯ гуфт, аз иштироки Манижа дар Евровидение аз номи Русия шод аст. 
"Ман барои Манижа хело шодам. Ба фикри ман ин озмун барои вай имконияти хуб аст. Он ки Манижа Руисяро намоядгаӣ мекунад, хуб аст, зеро ӯ мусиқишинос низ ҳаст. Ин маро шод мекунад".
Аммо продюсер кӯшиш ҳам накард, ки муваффқияти духтаракро дар озмун пешбинӣ кунад.
"Мо таҳлил мекунем, ки кӣ пирӯз мешавад, кӣ мақоми дувумро мегирад. Фарқаш чист? Таронаи "Зани рус", ҳеҷ вақт дар феҳрасти таронаҳои писандидаи ман ва наздиконам нахоҳад буд. Аммо шояд он ба Евровидение мувофиқ бошад. Агар пирӯзии духтараки дукокулааи исроилиро ба ёд оварем, ки дар Евровидение-2018 пирӯз шуда буд, мо дарк мекунем, ки ҳама кор шуданаш мумкин. Шояд ин ҳам шавад", - пегӯяд продюсер.
Дуоҳои бад: Манижа гуфт, чаро қариб аз ширкат дар Евровидение даст мекашид
Ӯ ин озмунро сахт сиёсӣ номид.
Пригожин Ҷамаларо мисол овард, ки соли 2016 дар Евровидение аз номи Украина ширкат кардаву пирӯз шуда буд.
Ҷамала зодаи шаҳри Ӯши Қирғизистон аст. Он замон Сергей Лазерев мақоми дувумро гирифта буд.
Невзоров: cуруди Манижа барои Евровидение як санҷише шуд, ки Русия аз он нагузашт
"Мантиқан ӯ пирӯзии Сергей Лазеревро гирифта буд. Ва Лазеров асири ин бесаросумонии сиёсӣ шуд. Дар ҳамин ҳол сиёсатмадороне, ки идора мекунанд, гӯё мехоҳанд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ихтилоф оваранд. Ба ҷои он, ки кореро кунанд, то одамон шод бошанд", - интиқод мекунад Пригожин.
Коршинос афзуд, ки таронаи Ҷамаларо ҳоло касе дар хотир надорад ва ҳатто онро сароида наметавонад.