ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон давоми чанд рӯз дар вилояти Хатлон бо сафари корӣ қарор дорад.
Зимни сафари худ, кишвардори Тоҷикистон якчанд иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфросохторие, ки аз ҷониби соҳибкорону саховатпешагон сохта ба итмом расонда шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Кишвардори Тоҷикистон барои сохтмони ҳамаи иншоотҳо ба мардум ва хосатан ба соҳибкорони ватанӣ изҳори миннатдорӣ намуда, онро ҳамчун тӯҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Роҳбари давлат зимни суханронии худ бо сокинони ин вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят, корҳои сохтмонӣ ва ободкунии диёр дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад.
Аз ин рӯ, роҳбари давлат аз раиси вилоят то раисони шаҳру ноҳияҳо даъват намуд, ки бо мардум ва хусусан бо соҳибкорону мардумони саховатманд ҳамкориро тақвият намуда, ҷараёни ободкунӣ ва корҳои сохтмониро ба роҳ монанд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мардум бояд аз обод кардани ҳавливу боғу роғи худ шурӯъ кунад.
"Ободии Ватан аз ҳамин ҷо шурӯъ мешавад", - таъкид намуд, Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ гуфт, вазифаи давлат таъмир кардани манзили ҳар сокини шаҳру ноҳиянабуда, мардум бояд худ манзилу ҳавлияшонро таъмир намуда боғу роғи худро обод кунанд.