ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар шаҳри Ваҳдат як пирамарди 70-соларо фиреб карданд, гузориш медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза пирамарди 70-солаи сокини ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи мард, аз моҳи апрели соли 2020 то 24-уми марти соли 2021, ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ў маблағи 686 ҳазору 850 сомонӣ (ҳудуди 60 ҳазор доллар) гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин бино бар иттилои манбаъ, дар ноҳияи Шаҳринав як марди 36-сола бо гумони дуздӣ дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи мард, моҳи октябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз замини хоҷагии деҳқонии бо номи "Анас", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, таҷҳизоти баланд кардани шиддати барқ (стабилизатор), таҷҳизоти бо сӯзишворӣ қувваи барқдиҳанда (движок), 30-метр шланги резинӣ ва 3-адад оҳани дарозшакли 6-метраро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 150-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.