Дар Тоҷикистон ба иштироки 100 меҳмон дар маросими арӯсӣ иҷозат дода шуд

Қаблан дар Тоҷикистон маросимҳои арӯсӣ бо иштироки на бештар аз 40 меҳмон баргузор шуданд. Ҳоло бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ ин рақам то чанде афзоиш дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Маросими домодию арӯсӣ акнун бо ширкати 100 меҳмон иҷозат дода шуд, дар ҳоле, ки ингуна маърака дар кишвар бо ҳузури ҳамагӣ 40 меҳмон доир мешуд.
Қарори навро Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус рӯзи 27 март қабул намуд, хабар медиҳад агентии Ховар.
Маросими арӯсӣ: танҳо дар хона ё ҳавлӣ ва бо ҳузури 30 меҳмон баргузор шавад
Дар қарори ситоди мазкур чунин омадаст, ки :бо дарназардошти дар қаламрави кишвар беҳтар гардидани вазъи санитарию эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавирус, баргузор намудани тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафар бо риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дода шуд.
Мутобиқи қарори мазкур, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо муваззаф гардиданд, ки сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликият, инчунин, шахсони воқеӣ барои риоя намудани муқаррароти қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Маҳдудияти нав дар баргузории тӯйи арӯсиву домодӣ: аз 40 кас зиёд набошад
Ҳамчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.