ДУШАНБЕ, 26 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон, афзоиши ҳолатҳои гирифторшавии кӯдакон ба вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ) идома дорад, гуфта мешавад дар Барномаи Миллии мубориза бар зидди эпидемияи ВИЧ ва СПИД барои солҳои 2021-2025, ки ҳукумат қабул кардааст.
Тибқи маълумоти дар барнома пешбинишуда, дар кишвар 11 986 ҳолати ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 7698 нафар (64,1%) мардони сироятёфта ва 4288 нафар (35,8%) занон мебошанд. Аз ин шумор 3230 нафар фавтидаанд ва шумораи гирифторони ин вирус 8756 нафарро ташкил медиҳад.
Дар барнома гуфта мешавад, ки вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон шадид боқӣ монда, тамоюли афзоиши сабти ҳолатҳои нави ВНМО, сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ дар кишвар ба назар мерасад.
Афзоиши бақайдгирии ҳолатҳои нави ВНМО дар байни кӯдакони то 14-сола - 14% (аз ҳама ҳолатҳои нави ба қайд гирифташудаи сироят) ташвишовар аст. Шумораи кӯдакони то 14-солаи ВНМО 1022 нафар ё 11,7% аз шумораи умумии кӯдаконро ташкил медиҳад.
Ҳодисаҳои нави сироят дар аксарият дар одамони 18-сола ва калонтар ошкор карда шуданд ва 1,4% дар байни наврасони 15-17 сола мебошанд.
Дар байни интиқолдиҳандагони вирус 2466 нафар дар вилояти Хатлон дар ҷануби кишвар, 1991 нафар дар Душанбе, 1963 нафар дар вилояти Суғд (шимоли кишвар), 1955 нафар дар минтақаҳои марказӣ, 381 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Ин барнома барои пешгирии эпидемияи ВИЧ, коҳиши марги СПИД ва дастрасии ҳамаҷониба ба хизматрасониҳои баландсифати пешгирӣ, табобат ва нигоҳубин пешбинӣ шудааст.
Лоиҳа барои татбиқи барнома тақрибан 180 чорабинии гуногунро дар бар мегирад, ки барои иҷрои онҳо дар тӯли панҷ сол 43 миллион доллар ҷудо кардан пешбинӣ шудааст.