Вазишгари шинохтаи тоҷик Хушқадам Хусравов маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Анатолий Харлампиев гардид.
Варзишгари маъруфи тоҷик дар риштаи самбо Хушқадам Хусравов дар вазни 64-кг ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, барои медали тиллои мусобиқа бо намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳомидҷон Муминов рақобат намуд.
Варзишгари тоҷик зимни бар ҳарифи худ пирӯз шуда, маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Харлампиев гардид.
Хушқадам Хусравов соли 2018 дар чемпионати ҷаҳон, ки дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест баргузор гардида буд, ҳам медали тилло ва ҳам унвони чемпиони ҷаҳон ба даст оварда буд.
Ин варзишгари шинохтаи тоҷик дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид.