ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Бино бар иттилои Федератсияи варзиши самбои Тоҷикистон дар ин мусобиқа вазишгари шинохтаи тоҷик Хушқадам Хусравов иштироки фаъолона намуда, маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Анатолий Харлампиев гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа варзишгари маъруфи тоҷик дар риштаи самбо Хушқадам Хусравов дар вазни 64-кг ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, барои медали тиллои мусобиқа бо намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳомидҷон Муминов рақобат намуд.
Варзишгари тоҷик зимни бар ҳарифи худ пирӯз шуда,маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Харлампиев гардид.
Ба хотири ғалабаи самбочии тоҷик Хушқадам Хусравов Парчами Тоҷикистон барафрохта ва Суруди миллии Тоҷикистон бо тантана садо дод.
Хушқадам Хусравов соли 2018 дар чемпионати ҷаҳон, ки дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест баргузор гардида буд, ҳам медали тилло ва ҳам унвони чемпиони ҷаҳон ба даст оварда буд.
Ин варзишгари шинохтаи тоҷик дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид.