Футболбозони тоҷик дастаи Муғулистонро шикаст доданд

Нимаи аввали бозии футболи байни дастаҳои Тоҷикистон ва Муғулистон ҷамъбаст гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Футболбозони тоҷик дар натиҷаи ҷамъбасти нимаи авали бозӣ бо дастаи ҳарифашон - Муғулистон пирӯз омаданд.
Интихоб ба Ҷоми ҷаҳонии 2022: бозии футболи Тоҷикистон - Муғулистон. Пахши мустақим
Нимаи аввали сабқати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бар ҳисоби 1 бар 0 ба анҷом расид. Ин тӯбро варзишгари тоҷик Манучеҳр Ҷалилов ба дарвоза расонид.
Як голи ҷаримавии дигаре, ки варзишгарони тоҷик ба нишон расониданд, бино бар нақзи қоидаҳои майдон ба ҳисоб гирифта нашуд.
FIFA барои ҳузури 10 ҳазор мухлиси футбол дар варзишгоҳ иҷозат дод
Нимаи дувуми бозӣ низ имрӯз баргузор хоҳад шуд, ки дар натиҷаи он ҳисоби ниҳоӣ муайян мегардад.