ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Сароянда, шоир ва оҳангсози рус Сергей Любавин дар мусоҳиба бо нашрияи интернетии “Правда.Ру” дар бораи ҳунарнамоии Манижа Сангин (Manizha) дар озмуни Евровидение изҳори назар кард.
Вай таъкид дошт, ки агар Манижа битавонад бо суруди худ Аврупоро дар ҳаяҷон гузорад, касе муқобил нахоҳад буд. Любавин илова кард, ки тамоми чиз аз ҳунарнамоии ӯ дар саҳна вобаста хоҳад буд.
"Сурудаш "зани рус" ном дорад. Агар ӯ тавонад симои зани русро нишон диҳад, ҳунарнамоӣ кунад ... Пушкин дар бораи худ навишта буд: "Насли сиёшпӯст беобуранг", аммо ӯ рустарин аз русҳо буд", - қайд кард оҳангсоз.
Любавин илова кард, ки агар Манижа битавонад қудрате пайдо кунаду баромада, ҳамаро шикаст диҳад", касе дар Русия дигар ҷуръат нахоҳад кард, ки ба сӯи санг андозад.
Оҳангсози рус инчунин қайд кард, ки дар атрофи сафари Манижа ба Евровидение-2021 сарусадоҳои зиёди беҳуда ба вуҷуд омадааст.
Навори овозхонии Манижа дар доираи интихоботи миллии Русия барои озмуни Евровидение-2021. Суруд воқеан тақдирсоз буд: аксари мунаққидон ва овозхонҳои Русия Манижаро танқид карданд.
Аммо, ситораҳои “шоу-бизнес”-и Русия аз Манижа тарафдорӣ карданд. Суруд инчунин миёни мухлисони хориҷӣ писанд омад – навори сурудро дар шабакаи Yotube-и Евровидение аллакай беш аз 5,5 миллион нафар тамошо кардааст.