ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Муғулистон бо ҳузури тамошобинон баргузор мегардад, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Манбаъ таъкид доштааст, ки бо мувофиқа бо FIFA бозиро имкон доранд то 10 ҳазор мухлис дар варзишгоҳ тамошо кунанд.
Бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Муғулистон рӯзи панҷшанбе, 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар аст. Арзиши билет барои тамошои футбол 20 сомонӣ будааст. Мухлисон дохили варзишгоҳ метавонанд бо риояи қоидаҳои санитарӣ дохил шаванд.
Гуфта мешавад, ки футболбозони тоҷик омодагии худро барои барои бозӣ бо дастаи Муғулистон ҳануз 19-уми март дар Душанбе оғоз карджа буданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси бухороӣ Усмон Тошев то ин бозӣ ду вохӯрии санҷишӣ баргузор кард, ки бо дастаи мунтахаби Урдун дар Дубай буд.
Бозии якум бо натиҷаи 0:2 бар нафъи ҳариф ва бозии дуюм бо ҳисоби 1:0 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба анҷом расид.