Ҷоизаи СММ ба Эмомалӣ Раҳмон: имрӯзи таърих

Рӯзи бисту меюми март Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил мебошад. Соли 2010 дар ин рӯз, Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи "Дастовардҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ" қадрдонӣ гардид
Sputnik

Рӯзи 24 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли  1956 унвони фахрии "Мураббии варзидаи ИҶШС" таъсис дода шуд.
Зодрӯзи Фазлиддин Шаҳобов: имрӯзи таърих
Соли 1975 ИМА интиқоли силоҳро ба Исроил қатъ кард.
Соли 1990 дар Ӯзбекистон мақоми президентӣ ҷорӣ карда шуд.
Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Венгрия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Куба муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Соли 2009 дар шаҳри Тошканд давраи 7-уми Мусобиқаи 3-юми байналмилалии шоҳмот барои хотираи Георгий Агзамов баргузор гардид. Дар давраи 7-ум шоҳмотбози беҳтарини тоҷик Фаррух Амонатов бо 5,5 хол ҷойи  2-юмро ба даст овард.

Рӯзи 24 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  2010 баъди вохӯрии сарвазири вақти Тоҷикистон Оқил Оқилов бо роҳбарияти СММ дар қароргоҳи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ маросими супоридани ҷоизаи «Дастовардҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ» баргузор гардид.
Рӯзи байналмилалии Наврӯз: имрӯзи таърих
Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи мазкур қадрдонӣ гардид ва он ба Оқил Оқилов супорида шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зертобеи СММ,  вазъи минтақа ва дигар мушкилоти мавҷуда баррасӣ гардиданд.
Соли 2012 Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари корӣ ба Точикистон омад.
Соли 2016 Раҳмон ба мавзеи сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ оғоз бахшид.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти боз як корхонаи азими саноатӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нафтрасон», ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшиданд.
Соли 2017 ифтитоҳи корхонаи коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Баракат Исфара".

Ҷашнҳои рӯзи 24 март

 

Рӯзи 24 март дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1915 — Ҷуурахон Искандаров, овозхон ва мусиқачӣ, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон.
Соли 1932 — Шавкат Ҳарисов, нависандаи русзабони Тоҷикистон.