ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба камтар муҳоҷиронро сабти ном кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.
Ҳамин тавр, дар ду моҳи аввали соли равон Вазорат 1,083 миллион нафарро ба қайд гирифтааст.
Зимнан, дар ҳамин давраи соли 2020, 2,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки аз аввали сол ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд қариб ду маротиба камтар патент дода шудааст.
112,3 ҳазор нафар хоҳиши кор дар Русияро изҳор доштанд, дар ҳоле ки соли гузашта ин рақам 203,7 ҳазор муҳоҷирро ташкил медод.
Дар баробари ин, шумораи даъватномаҳои ба шаҳрвандони хориҷӣ додашуда коҳиш ёфта, имсол 15,8 ҳазорро ташкил дод, дар ҳоле, ки соле пеш ин рақам ба 56 ҳазор баробар буд.
Додани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ низ коҳиш ёфтааст. Имсол 17 ҳазор муҳоҷир дархости иҷозати иқомати муваққатиро пешниҳод карданд; як сол қабл беш аз 26 ҳазор нафар чунин хоҳиш доштанд.
Ёдовар мешавем, ки як сол боз марзҳои Русия барои бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ баста аст. Моҳи марти соли гузашта Федератсияи Русия парвози ҳавопаймоиро бо ҳама кишварҳо қатъ кард ва танҳо барои баргардонидани шаҳрвандони худ парвозҳои вижа роҳандозӣ кард.
Дар натиҷа, вуруди муҳоҷирон, махсусан аз кишварҳои ҳамсоя, хеле коҳиш ёфт.