ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Қаҳрамони собиқи бокси вазнини вазнин Майк Тайсон аз сабқати севум бо рақиби деринааш собиқ қаҳрамони ҷаҳон Эвандер Холифилд даст кашид.
Дар ин бора ба портали MMA Fighting менеҷери Холифилд Крис Лоуренс хабар дод.
Ба гуфти ӯ, ба Тайсон пардохти кафолатнок ба маблағи 25 миллион доллар пешниҳод шуда буд, аммо дастаи муштзан ин пешниҳодро рад кард.
"Мо гумон кардем, ки ин як созишномаи анҷомшуда буд, аммо вақте, ки командаи Тайсон ҳамаи пешниҳодҳои моро рад карданд, ҳамааш бардоб рафт. Мо бо нияти нек гуфтушунид кардем ва гӯё вақти худро беҳуда сарф мекардем", - гуфт Лоуренс.
Қарор буд, ки Холифилд ва Тайсон бори дигар дар доираи дуэли намоишӣ рӯзи 29 май дар Майами вохӯрӣ мекунанд.
Тайсон ва Холифилд дар ринг ду маротиба вохӯрдаанд. Дар соли 1996, Холифилд пирӯз шуд ва дар бозии ҷавобӣ дар соли 1997, Тайсон аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум шуд.
Дар ҷараёни мубориза ӯ пораи гӯши рақибро кандааст. Он замон вайронкорро ба ҷазои азим дар ҳаҷми 3 миллион доллар маҳкум карданд. Ин мубориза то ҳол яке аз маъруфтарин дар таърихи бокс аст.
Моҳи ноябри соли гузашта, Тайсон пас аз 15 сол ба ринг баргашт.
Моҳи ноябри соли гузашта, Тайсон пас аз 15 сол ба ринг баргашт.
Вай бо ҳамватан Рой Ҷонси хурдӣ вохӯрии намоишӣ дошт. Мубориза бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт ва ҳарду варзишгар омодагии худро барои баргузории бозии ҷавобӣ изҳор карданд.