Дар Бохтар корхонаи шифербарории муҷаҳҳаз бо технологияи Русия фаъол шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли шиферро ба истифода дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар масоҳати як гектар бунёд гардидааст, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.
Раҳмон дар меҳмонии кишоварз Қосимов: соҳибхона ҳаҷми даромади софашро гуфт
Манбаъ афзуд, фаъолияти корхона дар се баст ба роҳ монда шуда, 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар корхона ду хати муосиртарини технологӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст.
Котибот таъкид кард, ки маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ба раисиҷумҳур иттилоъ доданд, ки корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 1500 то 2000 дона шифер истеҳсол мекунад ва иқтидори соланаи корхона 1 миллиону 100 ҳазор дона шифер мебошад.
Зикр шудааст, ки барои истеҳсоли шифер сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода гардида, ашёи хом аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.