ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Ҳукумати Русия ба вуруди донишҷӯёни хориҷӣ иҷозат дод. Дар маҷмӯъ, донишҷӯён аз 25 кишвари дунё метавонанд ба Русия ворид шаванд.
"Танҳо шаҳрвандони он кишварҳое, ки Роспотребнадзор тавсия додааст - яъне давлатҳое, ки аз нигоҳи вазъи эпидемиологӣ бехатар мебошанд, метавонанд ба Русия ворид шаванд", - гуфт Духанина дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Ин талабот ба донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд низ дахл дорад, гуфт вай.
"Раёсати асосии санитарии Федератсияи Русия мунтазам рӯйхати кишварҳои барои вуруд кушодаро нав мекунад, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳанӯз дар ин рӯйхат нестанд", - гуфт вай.
Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи "Микроб", мутахассисони Роспотребнадзор хулосаҳои худро на танҳо бар асоси маълумоти марбут ба беморӣ, балки инчунин ба вазъи умумии системаи пешгирӣ, ташхис ва табобати коронавирус дар кишвар мебароранд.
"Федератсияи Русия аз ибтидо вазъи коронавирус дар Тоҷикистонро бодиққат пайгирӣ мекард. Танҳо аз моҳи феврал то моҳи майи соли 2020 ба ҷумҳурӣ 150 ҳазор системаи санҷиши ташхиси коронавирус тақдим карда шуд", - гуфт муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ.
Вай инчунин ёдовар шуд, ки мутахассисони Русия ҳафтаи гузашта барои таҳлили вазъи коронавирус ба Тоҷикистон сафар доштанд.
"Ман фикр мекунам, ки ҳангоми қабули қарор дар бораи кушодани марзҳо натиҷаи кори онҳо низ ба назар гирифта шудааст", - гуфт вай.
"Инро низ бояд дар назар дошт, ки истифодаи доруи AstraZeneca, ки Тоҷикистон онро аввали моҳи март дар доираи барномаи COVAX гирифтааст, ҳоло аз ҷониби як қатор кишварҳои Аврупо боздошта мешавад. То ҳол дар Тоҷикистон ваксинаи дигар алайҳи сирояти коронавирус мавҷуд нест”, - шарҳ дод коршинос.
Дар ҳамин ҳол, донишгоҳҳои Русия бесаброна интизори бозгашти донишҷӯёни хориҷӣ ҳастанд, афзуд вай.
"Агар вазъи эпидемиологӣ мусоид рушд кунад, он гоҳ донишҷӯёни Тоҷикистон метавонанд барои таҳсил дар Федератсияи Русия баргарданд", - хулоса кард Духанина.