ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки тайи рӯзҳои оянда дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.
Ғайр аз ин, дар водиҳо ва минтақаҳои доманакӯҳи вилоятҳои Хатлону Суғд ва дар минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ селбиёӣ аз эҳтимол дур нест, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Манбаъ афзуд, имрӯз дар Душанбе ҳавои камабр буда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат шабона + 8-10 дараҷа ва рӯзона + 19 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои ноҳияҳои тобеи марказ бошад, шабона дар кӯҳҳо бориши барф имконпазир аст, шабона то 1 дараҷа хунук ва рӯзона аз +8 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҷануби кишвар, дар вилояти Хатлон, низ ҳаво абрӣ буда, дар баъзе ҷойҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона то + 14 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.
Аммо бо вуҷуди ин, дар доманакӯҳҳо шабона ҳанӯз тақрибан 1 дараҷа сард аст.
Дар вилояти Суғд аксаран бебориш мешавад, аммо дар баъзе ноҳияҳо шамол то 15-20 метр дар як сония мевазад. Рӯзона аз +12 то + 17 ва шабона тақрибан 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, на танҳо борон, балки дар баъзе ҷойҳо барф меборад.
Ҳарорат дар ғарб шабона 2-7 дараҷа сард, рӯзона то + 10 гарм мешавад. Дар шарқи вилоят бошад шабона -8-13, дар баъзе ҷойҳо то -20 сард ва рӯзона тақрибан то + 4 дараҷа мерасад.