Ветнам "Спутник V" - ро сабти ном кард

Ҳамакнун 56 - умин кишвар дар ҷаҳон ваксини сохти Русия - "Спутник V" - ро сабти ном кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Ветнам ваксини сохти Русия "Спутник V"- ро сабти ном кард, хабар медиҳад Фонди мустақими сармоягузории Русия. Ба ҳамин минвол, Витнам 56 - умин давлатест, ки нахустин ваксин дар ҷаҳон алайҳи коронавирусро сабти ном кард..
"Фонди мустақими сармоягузории Русия расман аз сабти ном кардани ваксини сохти Русия аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ветнам хабар медиҳад", - таъкид шудааст дар хабари манбаъ.
Зикр гардидааст, ки ваксини "Спутник V"дар кишварҳое, ки шумораи умумии аҳолии онҳо аз 1,5 миллиард нафар бештар аст, тасдиқ карда шуд.
Давлатов гуфт, Тоҷикистон метавонад барои хариди "Спутник V" аз Русия қарз пурсад
Ваксини мазкур ҳоло дар ҷаҳон аз рӯи шумораи давлатҳое, ки онро тасдиқ намудаанд, дар ҷойи дуюм қарор дорад.
"Спутник V", ки онро мутахассисони Маркази Гамалея таҳия кардаанд, аввалин доруи сабтиномшуда дар ҷаҳон алайҳи коронавирус гардид. Дар чанд ҳолат самаранок ва бехатар будани ваксина исбот шудааст.
Ҳоло ваксини "Спутник V" дар Беларус, Аргентина, Боливия, Сербия, Алҷазоир, Фаластин, Венесуэла, Парагвай, Туркманистон, Маҷористон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Ҷумҳурии Гвинея, Тунис, Арманистон, Мексика, Никарагуа, Лубнон, Мянма, Покистон ва дигар кишварҳо расман сабти ном шудааст.