Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Вазъи эмгузаронӣ дар ҷаҳон ва омори охири гирифторӣ ба COVID - 19

Миёни Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо баҳс атрофи воксинаи AstraZeneca идома дорад: ИА қасд дорад содироти доруро то замоне, ки кишварҳои иттиҳод таъмин нашаванд, манъ кунад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Ҳукуматдорони Иттиҳодияи Аврупо аз ширкати AstraZeneca талаб кардаанд, ки вазъро ба ҳадди ниҳоӣ нарасонад ва тибқи муоҳада мамолики Аврупоро бо ваксин таъмин созад.
Агар содироти ваксин ба Бритониёи Кабир боздошта шавад, ин сабабгори коҳиши суръати эмкунии аҳолӣ мешавад ва ҳукуматро водор месозад бори дигар даст ба эълони маҳдудятҳои зиддикоронаӣ занад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ алайҳи COVID се ҳазор нуқта боз мешавад
Корхонаҳои тавлиди ваксина дар айни замон наметавонанд ҳама фармоишот ва муоҳадаҳои қабулшудаву имзошударо иҷро кунанд.
Марҳилаи сеюми озмоиши ваксини зидди коронаиврус, ки дар Куба тавлид шудааст, 22-уми март оғоз шуд ва қарор аст то 9-уми апрел ба анҷом расад. Ин ваксина дар айни замон барои сокинони аз 19 то 80-сола санҷида мешавад ва дар санҷиш 48 ҳазор нафар ширкат доранд.
Ҷумҳурии Маврис 55-умин кишвари олам аст, ки ваксинаи русии "Спутник V"-ро пазируфтааст. То кунун ин ваксинаро кишварҳое қабул кардаанд, ки дар маҷмуъ дорои 1,4 миллиард ҷамъият мебошанд.
Покистон вуруди шаҳрвандони 12 кишвари оламро, ки ба авҷи нави сироят ба коронавирус рӯ ба рӯ шудаанд, манъ кард. Аз ҷумла шаҳрвандони Ботсван, Бразилия, Колумбия, Ҷазираҳои Комор, Гана, Кения, Мозамбик, Перу, Африқои Ҷанубӣ, Танзания ва Замбия то 5-уми апрел ҳақи вуруд ба Покистонро надоранд.
Дар Бишкек ба далели ҳамагирии COVID назорати санитарӣ пурзӯр мешавад
Вазорати тандурустии Муғулистон ба ҳукумати кишвар пешниҳод кард, ки аз сабаби авҷи сироят ба коронавирус як карантини 14-рӯза эълон кунад. Шабонарӯзи гузашта аз 10 049 санҷиши тестӣ 210 мубтало ба коронаиврус ошкор шуд.
Дар Латвия аввалин каси гирифтор ба гунаи африқоиҷанубии коронавирус сабт шудааст.
Дар Русия шабонарӯзи гузашта 9284 сироятшудаи навро ба қайд гиифтанд. Суръати рушди сироят то ба 0,21 дарсад коҳиш ёфтааст.
Кремл шарҳ дод, ки чаро эмгузаронии Путин оммавӣ намешавад
Қазоқистон аз сабти боз 1208 сироятшудаи нав ба коронавирус хабар дод. Қисмати бештарин гирифторони нав дар шаҳрҳои Алмаато (410) ва Нур-Султон (203) мебошанд.
Дар Қирғистон зарфи 24 соати сипаришуда 73 мубталои нав ба қайд гирифта шудааст.
Ӯзбекистон хабар дод, ки дар сурати авҷи сироят ба коронавирус метавонад таътили мактабиёнро тамдид кунад. Вақтҳои охир шумори гирифторӣ ба КОВИД-19 миёни кӯдакон дар ин кишвар афзудааст.   
Дар Тоҷикистон эмкунии низомиёни рус дар Норак оғоз шудааст. Бо ваксинаи "Спутник V" аввал ҳарбиёне, ки вазъи кайҳонро назорат мекунанд ва ҳаракати ҷирмҳои осмониро таҳлил менамоянд, эм карда мешаванд. Дуюмин вояи ваксина баъди се ҳафта гузаронида мешавад. Дар маҷмуъ 300 хизматчии ҳарбии рус эм карда хоҳанд шуд.
Аз ин пештар беш аз ҳазор сарбозону афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо ваксинаи "Спутник V" эм карда шуданд.