Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Намоҳанги Манижа барои Евровидение 2021 панҷ миллион бинанда гирифт

Намоҳанги Манижа Сангин, тоҷикдухтари муқими Русия, ки дар Евровидение - 2021 аз ин кишвар намояндагӣ мекунад, аллакай панҷ миллион тамошибин гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Намоҳанги овозхони зодаи Тоҷикистон, Манижа Сангин аллакай 5 миллион тамошобин пайдо кардааст. Суруди Манижа давоми ду ҳафтаи охир дар шабакаи Youtube аз ҷониби беш аз 5 миллион нафар тамошо шудааст.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Мунаққиди мусиқӣ шарҳ дод, ки чаро Манижа ба Евровидение меравад, на Панайотов
Илова бар ин, намоҳанги Манижаро 190 ҳазор нафар писандида, ҳамчунин зери он 100 ҳазор корбар шарҳ гузоштаанд. Вале сафи нафароне, ки ин намоҳангро қабул надошта, ҳамзамон муқобили иштироки Манижа дар Евровидение - 2021 аз номи Русия ҳастанд, низ кам нест. Ин намоҳангро 110 ҳазор нафар написандидааст.
Манижа танҳо бо 140 ҳазор бинанда аз як гурӯҳи попи Сербия Hurricane, ки иборат аз се духтар мебошад, ақиб мондааст. 
Ҳунарнамоии Манижа рӯзи 10 март соати 12:00 дар канали расмии Евровидение нашр шуд. Ба ҷои видеои анъанавӣ, ба мухлисони озмун ҳунарнамоии Манижа дар доираи интихоби миллӣ низ тақдим карда шуд.
Дар оғози видео Манижа дар тан ҷома дорад ва сарашро бо рӯймоли кабуд бастааст. Каме баъдтар, сароянда ҷомаашро кашида, бо либоси сурх намудор мешавад, ки дар қафои он навиштаҷоти Russian Woman - номи суруди ӯ, дарҷ гардидааст.
Ҳунарнамоии ӯ ҳайратангез ва ғайриоддӣ гашт, тамошобинонро ба тарафдорону зид ва онҳое, ки аз ин суруд дар шок афтоданд, тақсим кард.
Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам
Ёдовар мешавем, ки овозхонҳои тоҷик ба пирӯзии Манижа Сангин хушбин ҳастанд ва ҳунари ӯро басо воло ва ҷаззоб арзёбӣ мекунанд.