ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба хонандагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев ва Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ туҳфаҳо тақдим кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар маҷмуъ ба ятимон 100 адад туҳфаи наврӯзӣ тақдим шудааст.
Гуфта мешавад, ки туҳфаҳо аз ҷониби муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо ба хонандагон тақдим гардид.
Манбаъ афзуда, ки хонандагону тарбиятгирандагони ин мактаб-интернатҳо аз ин иқдом изҳори хушҳолӣ ва шодӣ намудаанд.
Вазорат мегӯяд, иқдомҳои ин ниҳод дар самти дастгирии моддию маънавии қишри осебпазири ҷомеа аз сиёсати президент сарчашма гирифта, он мунтазам амалӣ карда мешавад.