Кремл шарҳ дод, ки чаро эмгузаронии Путин оммавӣ намешавад

Сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков шарҳ дод, ки чаро лаҳзаи эмкунии Владимир Путин аксу наворбардорӣ намешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Владимир Путин ҷонибдорӣ эм гирифтан назди дурбини дастгоҳи наворбардорӣ нест, аз ин рӯ лаҳзаи ваксин гирифтани ӯ сабту дастраси мардум намегардад, тавзеҳ дод сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков.
Путин гуфт, кай алайҳи коронавирус эм мегирад
Ӯ қайд кард, ки раисҷумҳур барои таблиғ кардани ваксинҳои сохти Русия, корҳои зиёдеро анҷом дод ва зарурати паҳн кардани аксу навор аз лаҳзаи эм гирифтани Владимир Путин мавҷуд нест.
"Президент бе ин ҳам аксари вақти худро ба чорабиниву вохӯриҳо ва суҳбатҳо бобати ваксин ва истеҳсоли он сарф мекунад", - илова кард Песков.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Русия рӯзи гузашта аз тасмими худ дар мавриди гирифтани ваксин хабар дод. Кишвардор дақиқан нагуфт, ки бо кадоме аз ваксинҳои истеҳсолкардаи Русия эм мегирад.
Расман: вазири тандурустӣ ва муовинони ӯ бо AstraZeneca эм шуданд
Путин танҳо қайд кард,"ваксинзанӣ, албатта ихтиёрӣ аст ва ҳар кас худ бояд тасмим гирад".
Дар Тоҷикистон сар аз имрӯз маъракаи оммавии ваксингирӣ шурӯъ шуд ва вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо ду муовини худ нахустин шуда алайҳи коронавирус эм гирифтанд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон феълан танҳо ваксини AstraZeneca дастрас аст ва интизор меравад, ҳудуди 20 фисади аҳолии ҷумҳурӣ бо ҳамин ваксин эмгузаронӣ шаванд. Дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тиб, хоҷагии халқ, одамони аз 60 - сола боло ва ҳамчунин нафарони дорои бемориҳои музмин дору хоҳанд гирифт.