Ҳалокати донишҷӯйи Донишгоҳи исломӣ зери ҷархи "Волсваген"-и Аслиддин - видео

Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти як ронандаи ширкати таксии "Сафар Ориён" (1111) хабар медиҳад, ки дар пахши як донишҷӯ муттаҳам мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Ба иттилои манбаъ, навори садамае, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, санаи 22-юми марти соли ҷорӣ тахминан соати 11:10 дақиқа дар кӯчаи А. Навоии шаҳри Душанбе рух додаст.
Изҳороти Додситонии кул дар бораи то ҳол ҷазо нагирифтани Анварзода барои садамаи маргбор
Гуфта мешавад, зимни санҷиши фаврии пешакӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, ки саривақт дар ҷойи ҳодиса ҳузур доштанд, муайян карда шуд, ки садамаи мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи "Волсваген поло" Миров Аслиддин Нурмаҳмадовичи 28-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе содир кардааст.
Манбаъ мегӯяд, номбурда, ки ба ҳайси ронандаи автомашинаи мусофиркаш дар ширкати "Сафар Ориён" (1111) фаъолият мекунад, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А. Навоии шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Варзоб, донишҷӯи курси 2-юми Донишкадаи исломии Тоҷикистонро зада аз пой меафтонад.
"Ҷавони пиёдагард дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расид",- афзудааст манбаъ.
Садамаи мудҳиш: мошин дар роҳи Ёвон ба ҷарии 30-метрӣ чаппа шуд
Раёсати ВКД гуфтааст, айни замон нисбати ронанда Аслиддин Миров тибқи талаботи моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.