ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Гулчеҳра Бобоқулова, дояе аз Ӯзбекистон, ки барои куштори кӯдак маҳкум шудааст, пас аз ба охир расидани табобати маҷбурӣ аз Русия хориҷ карда мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия.
"Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар бораи номатлуб будани будубоши Гулчеҳра Бобоқулова дар Федератсияи Русия қарор қабул кард. Пас аз ба охир расидани табобат вай аз кишвар хориҷ карда мешавад", - гуфта мешавад дар иттилоия.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2016 шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова барои духтари чорсола дар оилае ба ҳайси доя кор мекард.
Яке аз рӯзҳо номбурда мунтазир шуд, то волидон бо фарзанди калонии худ аз хона баромада рафтанд ва пасон духтарчаи хурдсолро куштаву хонае, ки дар он кор мекард оташ зада баромада рафт.
Санаи 29 феврали соли 2016 баъди хомӯш кардани оташ дар яке хонаҳои воқеъ дар кӯчаи "Народного Ополчения"-и Москва ҷисми бесари духтарчаи чорсоларо пайдо карданд.
Баъдан Бобоқулова дар назди истгоҳи метрои "Майдони октябр" ҳангоме боздошт шуд, ки дар даст сари буридаи кӯдакро алвонҷ медоду худ бо худ гап мезад.
Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия хабар дод, ки Бобоқулова метавонист иғвогарон дошта бошад, алахусус ҳамҳуҷраи собиқи ӯ, ки ӯро бо ғояҳои ифротгароии исломӣ водор кардааст.
Тобистони ҳамон сол, пас аз якчанд таҳқиқот, коршиносон Гулчеҳра Бобоқуловаро рӯҳан носолим донистаанд. Дар аввали соли 2017 вай барои табобати маҷбурӣ ба яке аз беморхонаҳо фиристода шуд.