ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Бино ба иттилли наздикони марҳум, ӯ шаби гузашта бар асари сактаи дил даргузаштааст.
Гуфта мешавад, ҷанозаи профессор ва адиб имрӯз, соати 13:00 дар масҷиди марказӣ баргузор мегардад.
Абдушукури Абдусаттор 28 апрели соли 1954 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст.
Факултети шарқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон (шӯъбаи забони арабӣ)-ро хатм кардааст (1976). Баъди хатми донишгоҳ дар давоми солҳои 1976 -1994, ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи Ҳисору Конибодом кор кардааст. Дар ин мудат муҳаррир ва мудири шуъбаи Маркази методии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ ва корҳои маданию маърифатӣ, котиби масъули маҷаллаи "Адаб" низ будааст.
Марҳум пас аз хатми аспирантура, аз соли 1992 омӯзгори кафедраи таърихи адабиёти классики факултети филологияи Университети Давлатии Тоҷикистон шуда, ҳамзамон дар вазифаҳои корманди илмии маҷаллаи "Адаб" (1992 – 94), мудири кафедраи забонхои хориҷӣ (2007 – 09) ва аз декабри 2009 мудири кафедраи филологияи тоҷикӣ Донишгоҳи славянин Русияву Тоҷикистон буд.
Ӯ муаллифи зиёда аз 300 мақола ва рисолаҳои илмӣ- оммавӣ оид ба масъалаҳои адабиёти гузашта ва муосири точик: "Фазоили Қуръон" (1992), "Рӯъяти Қуръон дар шеър" (1997), "Талмеҳ дар шеъри ахди Сомониён" (1998), "Шоирони ахди Сомониён" (1999; ҳамроҳи X. Шарифов), "Қиссаи подшоҳони Сомонӣ"; (1999; хамроҳи X. Шарифов), "Ҷилои ситораҳо" (2000; ҳамроҳи X. Шарифов), "Арабият дар ахди Ғазнавиён" (2002), "Робитаҳои адабии Арабу Аҷам дар асри XI" (2004).
Инчунин дар таҳия ва ба чоп омода сохтани ду ҷилди аввали китоби "Таърихи адабиёт дар Эрон"-и Забеҳуллоҳи Сафо иштирок кардааст (2001, 2006).
"Таърихи адабиёти араб" (2009) ва "Мунтахаби девон"-и Сӯзании Самарқандиро низ ба чоп расонидааст (2009).
Гуфта мешавад, Абдушукури Абдусаттор узви Иттифоқи Нависандагон Тоҷикистон низ буда, бо тахаллуси Беҳрӯз шеър ҳам эҷод мекунад, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои "Навсафар"(1985), "Кокули бом" (1985), "Хордаста" (1987), "Сарчашмаи бадбахтиҳо" (1987), "Нешханд" (1990), "Эй нашъа балои ҷон шудастӣ" (2002) ва ғайра ба табъ расидаанд.