ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Ташкилкунандагони барномаи фароғатӣ дар сирки Қазон маҷбур шуданд, ки намоишро ба рӯзи дигар гузоранд, зеро ҷанги филҳо дар майдони сирк тамошобинонро гурезонд.
Бар тибқи наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, аснои намоиш як фил ба ҳамроҳи худ дарафтод ва ӯро зуд аз пой афтонд. Тамошобиноне, ки дар қатори аввал нишаста буданд, пас аз сар задани муноқишаи филҳо, толорро фавран тарк карданд.
"Ҳангоми намоиш як фил дигареро зада афтонд, вале мураббиён зуд онҳоро аз ҳам ҷудо карданд ва касе дар ин ҳодиса осеб надид", - менависад РИА Новости бо истинод ба намояндаи сирк.
Тавре баъдтар маъмурияти сирк хабар дод, намоиш "бо сабабҳои техникӣ" лағв карда шуд.