Истироҳати Владимир Путин ва Сергей Шойгу дар ҷангалҳои сарди Сибир - навор

Кишвардори Русия Владимир Путин ҳамроҳ бо вазири мудофиа Сергей Шойгу бо мошинҳои пуриқтидор ҷангалҳои Сибирро тай намуданд
Sputnik
Қаблан раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ба расонаҳо аз тасмими истироҳат кардан дар ҷангалҳои Сибир хабар дода буд.
Навори истироҳати Путин бо Шойгу ва мудири ФСБ дар Тува мунташир шуд (НАВОР)
Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Владимир Путин ҳамроҳи вазири мудофиа Сергей Шайгу дар рӯзҳои истироҳат ба Сибир сафар карданд ва ҷангалҳои ин минтақаро бо мошинҳои пуриқтидор тай намуданд.
Аз навори таътили Путину Шойгу дар Сибир маълум мешавад, ки раисҷумҳур худ сари идораи мошинҳои пуриқтидор нишаста, роҳҳои душворгузарро убур мекард.
Дар ин сафар, Шойгу ба Владимир Путин коргоҳ ва чӯбтарошҳои худро нишон дод.
Муфассалтар аз истироҳати Владимир Путин ва вазири мудофиа дар ҷангалҳои Сибир, аз навори омодагардида тамошо кунед.