Бо фаро расидани баҳор табиат зинда мешавад. Ин фасл на танҳо бо рӯзҳои гарму нарми худ одамонро хушҳолу дилгарм мекунад, балки барои ҳайвонҳо низ бисёр мусоид аст.
Зеро ҳайвонҳое, ки ҳанӯз се моҳ пеш ба хоби зимистона рафтанд, акнун бедор мешаванд. Онҳо пас аз бедор шудан, ба ҷустуҷӯи ғизо мебароянд.
Бисёриҳо ба он таваҷҷӯҳ доранд, ки кадом ҳайвон нисбат ба дигарон барвақттар бедор мешавад ва аз пайи дарёфти ғизо мебароянд.
Дар навори боло лаҳзаи аз хоб бедор шудану чашм кушодани ҳайвонҳо нишон дода шудааст.
Аз ҷумла бедор шудани хирс бисёр диданӣ аст, ки тамошо кардани онро ба шумо тавсия медиҳем.