ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Сафари кории кишвардори Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Қазоқистон лағв шуд, хабар медиҳад РИА новости. Эрдуғон бояд барои иштирок дар саммити ғайрирасмии Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон, ки рӯзҳои 30-31 дар Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат меварзид.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло кишвардор аз тариқи фазои маҷозӣ дар кори ин саммит иштирок мекунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эрдуғон барои ширкат дар ҳамоиши ғайрирасмии Шӯрои Туркия, ки 31 март дар шаҳри Туркистон баргузор мешавад, ба Қазоқистон ташриф меорад.
"Сафари президенти мо ба Қазоқистон, ки рӯзҳои 30-31 март пешбинӣ шуда буд, бекор карда шуд; вай дар саммити ғайрирасмии Шӯрои Туркия тавассути видеоконференсия ширкат хоҳад кард", - омадааст дар хабари маъмурияти Эрдуғон.
Шӯрои Туркистон, ки моҳи октябри соли 2009 таъсис ёфтааст, як созмони байналмилалиест, ки давлатҳои муосири туркро муттаҳид мекунад ва ҳадафи асосии он рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни давлатҳо мебошад. Ин шӯро кишварҳои ба мисли Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва ӯзбакистонро дарбар мегирад. Ҳамчунин Маҷористон ба ҳайси нозир дар шӯрои мазкур иштирок мекунад.
Лағв шудани сафари кишвардори Туркия ба Қазоқистон шояд ба бад шудани вазъи коронавирус дар ин кишвар вобаста бошад.
Зеро чанде пеш пизишкони шаҳри Нур - Султон аз мавҷи сеюми коронавирус ҳушдор дода буданд.