ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Солеҳ Муҳаммад Халиқ, раиси иттилооту фарҳанги дафтари волии Балх, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайванд бо 5700 - солагии бунёдгузории Балх ва Наврӯзи соли 1400 ҳиҷрии хуршедӣ аз ёдгоҳ ва катибаи "Хиёбони Шоҳ Исмоили Сомонӣ" дар шаҳри Мазор Шариф, маркази вилояти Балх, пардабардорӣ гардид.
"Ин хиёбон, ки аз шарқи майдони Фирдавсӣ то дарвозаи шарқии шаҳр, воқеъ дар дуроҳаи Ҳайратон тӯл мекашад, қаблан бар бунёди пешниҳоди Ато Муҳаммади Нур, волии вақти Балх ва нома ба вазорати иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон номгузорӣ шуда буд" - гуфт Солеҳ Муҳаммад Халиқ.
Амир Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (849-907), маъруф ба Мири Одил, писари Сомонхудоти Балхӣ аз қавми тоҷик ва бунёдгузори силсилаи бузурги Сомониён – аввалин давлати тоҷикон дар Хуросону Мовароуннаҳр аст. Амир Исмоил ҳудуди 15 сол (892 – 907) ҳукмронӣ кардааст.
Дар Тоҷикистон бузургтарин муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе ва дар чандин шаҳри дигари ин кишвар муҷасаммаҳои хурду бузурги ӯ қомат афрохтаанд. Даҳҳо маҳаллу мактаб ва муассиса низ ба Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудаанд.
Раиси иттилооту фарҳанги дафтари волии Балх мегӯяд, ин кутубия ва ёдгоҳ бо сармоягузории Ато Муҳаммади Нур, сиёсатмадори маъруф ва ҳомии фарҳанг дар Афғонистон, сохта шуда, як кори мондагор дар ростои худогоҳӣ ва худшиносии таърихиву фарҳангии мардуми ин кишвар аст.