Фатвои Шӯрои уламо дар бораи қасами “занталоқ” ва савганд ба номи Худою Қуръон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳолатҳои қасамхӯриро, ки миёни мардуми кишвар роиҷ шудаанд, шарҳ додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавриди қасами “занталоқ” ва савганд ба номи Худою Қуръон изҳори назар кардааст.
Ҳабсу парванда алайҳи табибони Хуҷанд: прокурор гуфт, ба қасами хӯрдаатон хиёнат накунед
Як корбари сомонаи Шӯрои уламо, суол кардааст, ки оё қасам хӯрдан ба талоқ раво аст ва зан талоқ мешавад?
Шӯро посух додааст, ки агар шахс чунин қасам хӯраду онро шиканад, талоқ воқеъ мешавад.
"Аз нигоҳи шариат фақат ба номҳо ва сифатҳои Худо бояд қасам хӯрда шавад. Бо вуҷуди ин, агар шахсе ба талоқи зан қасам хӯрад ва савгандашро шиканад, талоқ воқеъ мешавад", - посух додааст ин ниҳод.
Қаблан ин ниҳод таъкид карда буд, ки  қасам танҳо ба номи Аллоҳ ё ба сифати Ӯст, қасам ба ғайри ин ҷоиз нест, вале агар касе қасам хӯрад, ширк намешавад.
Шӯро ба суол дар мавриди қасам додан ба Қуръон, посух дода буд, ки қасам бо Қуръони азимушаън аз нигоҳи аксари уламои ҳанафӣ дуруст аст.
Ин ниҳод таъкид намуда буд, ки “қасам додан бо Қуръон имрӯз дар кишвари мо мақбул аст ва бисёртар мардум кӯшиш мекунанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ якдигарро барои итминони комил ҳосил кардан ба Қуръон қасам бидиҳанд ва хотирҷамъ ҳам мешаванд”.