ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Шафиъи Айёр аз Амрико ба Тоҷикистон омадааст, то Наврӯзро дар Душанбе ҷашн гирад.
Фаҳими Фано, ки дар Кобул ҳангоми баргузории озмуни “Абарситора” – и телевизиони Тулӯъ аз сӯи зӯрмандони мусаллаҳ таҳдид шуд ва ду ҳафтаи қабл ба Тоҷикистон фирор кард.
“Ӯ ният дорад, ки дар Тоҷикистон паноҳанда шавад ва дар оянда ба ягон кишвари аврупоӣ муҳоҷират кунад”, - гуфт ин манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Шафиъи Айёр дар сафҳаҳои худ дар Фейсбуку Ютуб як гузориши видеоӣ пахш кардааст, ки бардоштҳои ӯро аз сафараш ба Тоҷикистон қисса мекунад.
Ӯ аз Қалъаи Ҳисор, Майдони Парчам, Осорхонаи Миллӣ, Боғи Айнӣ ва дигар ҷойҳои дидании Душанбе гузориши муфассале карда, мегӯяд, ки Тоҷикистон бо вуҷуди он ки ҳудуди 10 сол даргири як ҷанги дохилӣ буд, дар як муҳлати кам хонаи худро обод кард ва хотираҳои ҷангро аз байн бурд.
“Ин ҷо бозсозӣ мекунанд, таърих месозанд, аммо Афғонистон 100 сол аст, ки истиқлол дорад ва сол ба сол харобтар мешавад”, - мегӯяд Шафиъи Айёр.
Фаҳими Фано, ки дар як видео бо Шафиъи Айёр зоҳир мешавад, низ аз фазои оромиву суботи Тоҷикистон тавсиф мекунад. “Агар як нафар ба ватани худ меҳр дошта бошад, ин гуна фазои ишқу созандагиро барои худ ҷӯр мекунад”, - мегӯяд Фаҳим Фано.
Шафиъи Айёр бори аввал нест, ки аз ободкориҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва харобкориҳои Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар сафҳаҳои худ суҳбат мекунад.
Ӯ дар яке аз наворҳо эътироф кардааст, ки дидори ӯ бо Фаҳим Фано дар Душанбе тасодуфӣ нест, балки аз қабл тарҳрезӣ шудааст.
Шафиъи Айёр, зодаи вилояти Кобул ва Фаҳими Фано зодаи вилояти Бағлони Афғонистон буда, ҳарду тоҷик ҳастанд ва ҳоло аз чеҳраҳои маъруфи ин кишвар ба шумор меоянд.