Дар Олмон ҳазорҳо нафар барои нигаронӣ аз маҳдудиятҳои нав, даст ба эътироз шуданд - акс

Дар Аврупо мавҷи эътирозҳои нав бархост. Мардум, ки аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои нав шадидан норизо ҳастанд, ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд
Sputnik
Сокинони Кассели Олмон барои изҳори норизогии худ аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои нав даст ба эътироз шуданд. Ҳазорҳо нафар бо шиору овезаҳо бо кӯчаву роҳҳои асосии мошингузар баромаданд.
Эътирозҳо назди бинои ҳукумати Гурҷистон: мардум аз маҳдудиятҳо норизоянд -навор
Ҳукумати ин кишвар ба хотири афзоиш ёфтани теъдоди маризони коронавирус боз маҳдудиятҳои навбатӣ ҷорӣ карданд. Аммо мардум пас аз қарантини тӯлонӣ ба дод омаданд ва дигар тоқати маҳдудиятҳои навро надоранд.
Эътирозгарон махсус дар маркази Кассели бидуни пӯшидани ниқоб гирд омаданд. Пулис барои пароканда намудани мардум аз калтаку дорупошакҳои қаламфурӣ истифода намуданд.
Гуфта мешавад, дар маркази Касселе миёни кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва иддае аз эътирозгарон задухӯрд рух дод. 
Чунин эътирозҳо ба ҷузъ аз Олмон, ҳамчунин дар Лаҳистон, Нидерландия ва Финландия низ сар задаанд. Дар Амстердам пулис барои пароканда намудани эътирозгарон аз мошинҳои обпошӣ истифода намуданд.
1 / 12
Ҳазорҳо нафар бо шиору овезаҳо бо кӯчаву роҳҳои асосии мошингузар баромаданд
2 / 12
Ҳукумати ин кишвар ба хотири афзоиш ёфтани теъдоди маризони коронавирус боз маҳдудиятҳои навбатӣ ҷорӣ карданд
3 / 12
Аммо мардум пас аз қарантини тӯлонӣ ба дод омаданд ва дигар тоқати маҳдудиятҳои навро надоранд
4 / 12
Эътирозгарон махсус дар маркази Кассели бидуни пӯшидани ниқоб гирд омаданд
5 / 12
Пулис барои пароканда намудани мардум аз калтаку дорупошакҳои қаламфурӣ истифода намуданд
6 / 12
Гуфта мешавад, дар маркази Касселе миёни кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва иддае аз эътирозгарон задухӯрд рух дод
7 / 12
Чунин эътирозҳо ба ҷузъ аз Олмон, ҳамчунин дар Лаҳистон, Нидерландия ва Финландия низ сар задаанд
8 / 12
Дар Амстердам пулис барои пароканда намудани эътирозгарон аз мошинҳои обпошӣ истифода намуданд
9 / 12
Дар аксар кишварҳои Аврупоӣ боз мавҷи нави бурузи маризии коронавирус сар задааст
10 / 12
Ҳамчунин маъракаи эмгузаронӣ низ ба таъхир гузошта шуд
11 / 12
Зеро кишварҳои зиёди ИА аз ваксини AstraZeneca даст кашиданд
12 / 12
Ин ваксин ба пайдо шудани лахтшавии хун мусоидат мекунад ва аз ин рӯ то тафтишоти пурраси СММ истифодаи он дар аксар давлатҳо мутаваққиф шуд